ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо хунук шудани ҳаво сокинони деҳот ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои гарм кардани хонаҳояшон аз ангишт истифода мебаранд. Барои аксар сокинони мамлакат ангишт яке аз воситаҳои дастрас ва маъмул барои гармидиҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ангишт метавонад дар фасли сармо дар хонаҳои сокинон гармиро хуб таъмин кунад, вале истифодаи нодуруст ва беэҳтиётонаи он оқибатҳои хеле хатарнок дар пай дорад. Мутаассифона, баъзе сокинон ба қоидаҳои дуруст истифода бурдани ангишт эътибор намедиҳанд.

Пеш аз ҳама бояд бухории мувофиқ интихоб намуд

Тибқи тавсияи мутахассисон, пеш аз истифода бурдани ангишт барои гармкунии манзил шаҳрвандон бояд якчанд талаботи муҳимро ба назар гиранд. Онҳо бояд аввал бухории барои истифодаи ангишт мувофиқро интихоб намоянд. Зеро на ҳар бухорӣ барои истифодаи ангишт мувофиқ аст. Бисёре аз бухориҳое, ки дар деҳот истифода карда мешаванд, барои сӯзишвории дигар (масалан, ҳезум) сохта шудаанд ва дар мавриди сӯзонидани ангишт хатари ихроҷи газ ва дуд ба хона зиёд мешавад.

Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Дудбаро бояд пайваста тоза карда шавад. Агар кашиши дудбаро суст бошад, дуди бухорӣ ба дохили хона ворид шуда, боиси ихроҷи гази заҳрнок мегардад.

Тарзи дурусти истифодаи ангишт барои гарм кардани хона

Агар дар дохили бухорӣ ангишти носӯхта боқӣ монад, беҳтар аст он комилан хомӯш карда шавад. Зеро оташ метавонад шабона ба таври оҳиста бисӯзад ва гази карбон хориҷ кунад. Дар бисёр ҳолатҳо заҳролудшавӣ маҳз шабона рух медиҳад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Ин роҳи самараноки коҳиши эҳтимолии заҳролудшавӣ мебошад.

Аз харидорӣ намудани ангишти пастсифат, ки миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунанда дорад, худдорӣ кунед. Зеро он миқдори зиёди газҳо ва заррачаҳои хатарнокро ба ҳаво хориҷ мекунад.

Зарари дуди ангишт ба саломатии инсон

Ба иттилои мутахассисони соҳа, аксар ҳолатҳои заҳролудшавии мардум дар фасли сармо маҳз тавассути газҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво хориҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, монооксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй, вале хеле заҳрнок яке аз манбаъҳои асосии заҳролудшавии шадиди нафасӣ мебошад. Он ба гемоглобини хун мепайвандад ва интиқоли оксигенро қатъ мекунад. Диоксиди сулфур (SO₂) ва оксидҳои нитроген (NOₓ) боиси илтиҳоби роҳҳои нафас ва сулфаи музмин мешаванд. Заррачаҳои майда (PM2.5) ба шуш ворид шуда, ба гардиши хун гузашта, саломатии дилу раг ва мағзро халалдор месозанд. Моддаҳои саратонзо (PAH) низ сабабгори саратонҳои роҳҳои нафас ва узвҳои дохилӣ мегарданд.

Дуди ангишт барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Он на танҳо ҳаворо ифлос мекунад, балки метавонад сабаби марг низ гардад. Рӯй овардан ба усулҳои бехатари гармидиҳӣ ва нигоҳ доштани тозагии ҳаво — кафили ҳаёти солим ва муҳити зисти тоза аст. Аз ин рӯ дар ҳама ҳолат инсон бояд эҳтиёткор бошад. Эҳтиёткорӣ кафили амнияти ҷонӣ ва саломатии инсон мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки ҳангоми заҳролудшавии инсон аз дуди ангишт дар шароити хона-ин нафаскашии ҳавои тоза, ҳангоми зарурат истифода аз ҳавотозакунак, истеъмоли ҷурғот, қаҳва, чойи талх, ба шахсони аз 18-сола боло додани ангишти фаъол (активированный уголь) рӯзе се маротиба чор ададӣ тавсия дода мешавад.

Дар ҳолати заҳролудшавӣ дару тирезаҳоро кушода, беморро ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза баровардан ва мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур аст. Роҳ додан ба худтабобаткунӣ ҳолати хатарнок аст.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт

Нишонаҳои умумии заҳролудшавӣ ё таъсири манфии моддаҳои хатарнок ба организми инсон дард ва чарх задани сар, хоболудӣ, беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, душвории нафаскашӣ ва дар ҳолатҳои шадид беҳушшавӣ мебошанд.

Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар навбати аввал шахси заҳролудшударо бояд ба ҳавои кушод бароред. Тирезаю дарҳоро кушода, воридшавии ҳавои тозаро ба хона таъмин намоед. Ба рақамҳои 03 ё 112 занг занед. Агар шахс беҳуш бошад, ӯро ба паҳлу хобонида, роҳҳои нафасро боз нигоҳ доред.

Ба бехатарии кӯдакон диққати махсус бояд дод

Волидон бояд ба бехатарии кӯдакон диққати махсус дода, онҳоро аз наздик шудан ба бухории тафсон ва ҷойҳои нигоҳдории ангишт дур нигоҳ доранд. Нигоҳ доштани ангишт ва дигар маводи сӯзишворӣ бояд дар ҷойи муносиб, дур аз манбаъҳои оташ ва бо риояи талаботи бехатарӣ ба роҳ монда шавад.

Риояи қоидаҳои бехатарӣ

Баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба истифодаи дурусти ангишт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ метавонад дар пешгирии ҳодисаҳои нохуш нақши муҳим гузорад. Ҳар шаҳрванд бояд дарк намояд, ки сарфакорона ва дуруст истифода бурдани сӯзишворӣ танҳо масъалаи иқтисодӣ набуда, пеш аз ҳама, ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии худу наздикон вобаста аст.

Аз ин рӯ бо фаро расидани фасли зимистон ҳар оила бояд барои омода намудани манзили истиқоматӣ тадбирҳои зарурии бехатарӣ андешида, ба ҳолати бухорию дудбароҳо ва тарзи истифодаи ангишт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Зеро риояи одитарин қоидаҳои бехатарӣ метавонад аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ карда, зимистонгузаронии орому осудаи ҳар хонаводаро таъмин намояд.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"