Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон,

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд бо Муғулистон аҳамияти хосса зоҳир намуда, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои қонунгузори ду давлатро омили муҳими таҳкими эътимоди мутақобил ва рушди шарикии дарозмуддат медонад.

Зимни баррасии масъалаҳои баробарии гендерӣ изҳор гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми занон дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, маориф, илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Ҳифзи ҳуқуқи занон, фароҳам овардани имконияти баробар ва тавсеаи иштироки онҳо дар қабули қарорҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб мешаванд.

Дар идомаи суханронӣ ба зарурати тақвияти нақши занон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими фарҳанги муколама таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки занон бояд на танҳо иштирокчии равандҳои сулҳ, балки музокиракунандагон, миёнарав ва ташаббускорони фаъоли сатҳи байналмилалӣ бошанд.

Таъкид карда шуд, ки дар ин замина ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аҳамияти хосса дорад. Ин ташаббус ба муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳи пойдор нигаронида шудааст.

Бо таъкид ба нақши Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди рӯзномаи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ иброз гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола тақвияти ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои парлумониро тақозо менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи июни соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар назар аст. Тоҷикистон аз иштироки занони парлумон, намояндагони кумитаҳои парлумонӣ ва шабакаҳои байналмилалии занон дар ин ҳамоиш истиқбол менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"