Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Мушовири бахши тиҷоратию иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохӯрӣ

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Мушовири бахши тиҷоратию иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба палата.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои соҳавии марбут ба рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ ва диверсификатсияи савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» ва нишасти Гурӯҳи кории Шурои кории Созмони ҳамкории Шанхай оид ба нақлиёт ва логистикаро, ки 19-21 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима намуданд.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода аз Сун Хэ барои ҷалби ширкатҳои бузурги нақлиётиву логистикии Чин ба намоишгоҳ даъват ба амал овард. Сун Хэ омодагии Сафорати Чинро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои палата ва ҷалби доираҳои соҳибкории Чин ба ин чорабинии муҳим изҳор дошт.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"