Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар вилояти Суғд чорумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар вилояти Суғд чорумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, мусобиқа аз 6 то 9 октябр дар вилоят баргузор гардида, дар он варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ғолибон бо медалу ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳадафи баргузории мусобиқа рушди камонварӣ, таҳкими ҳамкории варзишӣ байни кишварҳо, муаррифии имконоти варзишӣ ва фароҳам овардани шароит барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.

Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи варзиш мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: АМИТ "Ховар"