Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар се расонаи маъруфи мисрӣ нашр шуд. Тавре ба АМИТ
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар се расонаи маъруфи мисрӣ нашр шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, мусоҳибаро муовини раиси Иттифоқи журналистони Африқо ва Осиё, журналисти мисрӣ доктор Рифъат Абдуссамеъ анҷом додааст. Он дар нашрияҳои электронии «Аззамир» (минбари Шурои олии журналистон ва расонаҳои мисрӣ), «Алмунтасаф» ва «Ал-авсатул оламия» нашр шуда, ҳамзамон чанд расонаи дигар онро бознашр намудаанд.
Дар мусоҳиба роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои муҳим ва нақшофариҳо дар арсаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин нақшаву барномаҳои ояндаи кишвари мо дар самти сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ба таври муфассал баррасӣ шудаанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср