ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

20 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

16 сол пеш, 20 октябри соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи иншооти муҳим ва ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намуданд.

***

20 октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти бахшҳои маорифу саноат ва сайёҳиву кишоварзӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Инчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ якчанд иншооти муҳимро ба истифода доданд.

***

20 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи кор оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.

20 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳавоӣ.

***

Рӯзи байналмилалии ошпаз.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

***

Рӯзи ҷаҳонии омор.

РӮЙДОДҲО:

20 октябри соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи «The Sunday Times» ба нашр расид.

***

20 октябри соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Фаронса ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

***

20 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

***

20 октябри соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муҳокима карда шуданд.

***

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҳалок шуданд.

Источник: АМИТ "Ховар"