Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нахустин семинари стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея» машғулияти академӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Ҳадафи асосии машғулият баррасии ҳамаҷонибаи натиҷаҳои амалии сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ва иштирок дар Саммити «Осиёи Марказӣ –Ҷумҳурии Корея», ки 16–17 сентябри соли 2026 дар Корея баргузор гардид, арзёбӣ шуд.
Инчунин иштирокчиён дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва роҳҳои густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, технологияҳои муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро баррасӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки дар солҳои охир байни Тоҷикистону Корея заминаи устувори муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ташаккул ёфтааст. Ба сатҳи сарварони давлатҳо баровардани Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Корея» ва қабули Эъломияи Сеул барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ аҳамияти муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар самтҳои навсозии саноат, рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди сармояи инсонӣ метавонад барои татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муфид бошад. Дар ин раванд ҳамкории муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби имкониятҳои ҷомеаи коршиносӣ барои таҳияи пешниҳодҳои амалӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар соли 2024 аз 150 миллион доллари Иёлои Муттаидаи Амрико зиёд гардида, дар шаш моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Баён гардид, ки айни ҳол дар Корея беш аз 350 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ҳамзамон дар ҳашт муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон марказҳои омӯзиши забони кореягӣ фаъолият доранд.
Таъкид шуд, ки дар ин замина густариши табодули академӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии касбии мутахассисон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мебошад.
Дар фарҷом иштирокчиён натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, доир ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор карданд. Зарурати таҳкими робитаҳои академӣ ва коршиносӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ ва татбиқи амалии созишномаҳои бадастомада аз масъалаҳои муҳими баррасишуда буданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон