ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст

АМИТ "Ховар" ·

САНГВОР, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» ситоди ноҳиявӣ таъсис дода, нақшаю чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия намудааст. Дар айни замон нақшаи захиранамоии ангишт ва ҳезум дар сохторҳои буҷетӣ ва аҳолӣ сад фоиз иҷро гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттилоъ доданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор Сайало Ятимзода иброз дошт, ки «то имрӯз барои гузаронидани фасли тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия 360 тонна ангишт, 458 метри мукааб ҳезум ва 2100 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд. Дар 7 муассисаи таълимии ноҳия дегхонаҳо фаъол буда, дар муассисаҳои таълимии боқимондаи ноҳия 252 бухорӣ, 48 гармкунаки барқӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия, аз ҷумла дар беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳои тиббӣ 43 тонна ангишт, 83 метри мукааб ҳезум, 1100 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар соҳаи тандурустӣ 2 буғхона,10 генератори барқӣ, 61 бухорӣ ва 94 гармкунаки барқӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд».

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода аз ҳисоби буҷети ноҳияи Сангвор барои харидани ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ як миллиону 252 ҳазору 37 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Барои захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироати кишоварзӣ ва сари вақт гузаронидани кишти онҳо, инчунин захиранамоии хӯроки чорво масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳияи Сангвор тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Дар ноҳияи Сангвор тибқи нақша бояд 42 ҳазору 130 тонна хӯроки чорво захира намоянд, ки иҷрои он 102 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки роҳи байналмилалии Лаби ҷар-Сангвор роҳи мушкилгузар буда, сар задани офатҳои табиӣ дар ин роҳ бисёр мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар фаслҳои тирамоҳу зимистон чораҷӯйӣ менамояд. То имрӯз 260 метри мукааб маводи зиддилағжиш ва 4000 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шуда, 10 техникаи муассиса дар ҳолати корӣ қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"