«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» маротибаи ҳаштум аст, ки дар мамлакат баргузор мешавад. Ин озмуни фарҳангӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъсис ёфта буд ва аз он сол инҷониб ҳамасола ба таври анъанавӣ баргузор карда мешавад.
Тавре муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни маросими ҷамъбасти озмун дар соли 2026 иброз намуд: «аз соли 2019 то соли 2025 шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 27 ҳазор нафар расидааст. Мо ғолибон ва заҳмати онҳоро қадр менамоем. Пирӯзии ҳақиқӣ танҳо гирифтани ҷоиза нест, балки талоши пайваста, такмили маҳорат, садоқат ва эҳтиром ба санъати пурғановати миллат мебошад. Эҷодкорон ин фарҳанги бойи миллатро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ба мерос мегузоран аст».
Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи озмун пайдо кардани наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод аз гӯшаву канори мамлакат ва дастгирии онҳо барои фаъолияти касбӣ мебошад. Инчунин, озмун ба эҳё ва рушди ҳунарҳои оҳангсозӣ (бастакорӣ), сарояндагӣ, навозандагии асбобҳои миллӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн мусоидат мекунад. Эҷоди суруду оҳангҳо ва асарҳои тасвирие, ки Тоҷикистон, зебоиҳои табиат ва дастовардҳои замони истиқлолро тараннум менамоянд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар байни насли наврас тақвият мебахшад, яке аз талаботи ин озумн аст.
Ин озмун барои шахсони соҳибистеъдод ва нафароне, ки талош менамоянд, мукофотпулиҳои калон (ба монанди Шоҳҷоиза дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ) ва имтиёзҳои махсус, аз ҷумла қабул шудан ба муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг ба таври ройгон ва узвият дар иттифоқҳои эҷодиро фароҳам оварда, барои ояндаи ҷавонони ҳунарманд заминаи устувор мегузорад. Барои баргузории ин чорабинӣ ҳамасола аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд, ки ин аз таваҷҷуҳи баланди давлат ба рушди соҳаи фарҳанг гувоҳӣ медиҳад.
Соли 2019
Дар даври якуми озмун 2959 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 785 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Ба даври ниҳоӣ 65 нафар расида, 35 нафари онҳо соҳиби ҷоиза шуданд. Маблағи умумии озмун дар ин сол 635 ҳазор сомониро ташкил дод.
Соли 2020
Озмун 25 июли соли 2020 оғоз шуда, 3 сентябри ҳамон сол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Дар даври аввал 2493 довталаб ширкат варзида, 713 нафар ба даври дуюм ва 146 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Бо қарори ҳайати ҳакамон 66 нафар соҳиби ҷоизаҳо ва 12 нафар мукофоти ҳавасмандкунӣ шуданд. Маблағи умумии баргузории озмун 2 миллиону 140 ҳазор сомониро ташкил дод.
Соли 2021
Дар даври якуми озмун 2991 довталаб ширкат карда, 1317 нафар ба даври дуюм ва 314 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар маҷмӯъ 79 нафар соҳиби ҷоиза гардиданд. Барои мукофоти ғолибон 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Соли 2022
Шумораи иштирокчиёни даври аввал 3374 довталабро ташкил дод, ки аз онҳо 1323 нафар ба даври дуюм гузаштанд ( ин нисбат ба соли гузашта 383 нафар зиёд). Аз даври дуюм 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 77 нафар соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Барои ғолибон 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуд.
Соли 2023
Озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2023 доир шуда, барои ғолибони он 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар даври аввал 4442 довталаб ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 2078 нафар ба даври дуюм (1068 нафар зиёд нисбат ба соли 2022) ва 520 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Ниҳоят 118 нафар соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
Соли 2024
Дар даври аввал 5302 нафар иштирок намуда, аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм расиданд. Маблағи умумии ҷоизапулиҳо 3 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил дод.
Соли 2025
Дар даври якум 6192 нафар довталаб иштирок карда, аз ин шумора 2676 нафар ба даври дуюм ва 509 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоизаҳо 135 нафарро ташкил доданд. Маблағи умумии ҷудошуда 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ буд.
Соли 2026
Дар даври якум 6245 нафар довталаб иштирок намуда, 2677 нафар ба даври дуюм ва 581 беҳтарин истеъдод ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Мувофиқи Низомномаи озмун, 143 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоизаҳо гардиданд. Аз рӯи минтақаҳо: аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 9 нафар, аз вилояти Хатлон — 23 нафар, аз вилояти Суғд — 29 нафар (аз ҷумла 1 Шоҳҷоиза), аз шаҳри Душанбе — 60 нафар (бо 4 Шоҳҷоиза) ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 22 нафар ғолибиятро ба даст оварданд. Маблағи умумии баргузории озмун дар соли 2026 ба 8 миллиону 260 ҳазор сомонӣ расид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» давоми ин солҳо дар саросари ҷумҳурӣ дастгирии васеъ ёфта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуд. Он барои баланд гардидани сатҳи касбии наврасону ҷавонон, дастгири нерӯи эҷодӣ, муаррифии истеъдодҳои нав ва тарғиби шаклҳои нави мусиқии миллӣ ва санъати тасвирӣ мусоидат намуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»