Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид. Дар он филми кӯтоҳи «Дузди Офтоб»-и коргардони тоҷик Комилҷон Сафаров дар номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» соҳиби ҷоиза гардид.

Ин нахустин ҷоизаи синамоӣ дар Тоҷикистон барои филмҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ офаридашуда мебошад. Филм бо истифода аз технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ офарида шуда, қадами нав дар кинематографияи миллӣ ба шумор меравад.

Филм саргузашти писарбачаи 11-сола бо номи Синоро қисса мекунад, ки дар деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ дорад. Дар фасли зимистон нури Офтоб ба кӯчаҳои деҳа намерасад. Сино ба хоҳари хурдиаш ваъда медиҳад, ки офтобро ба деҳа меорад. Барои амалӣ кардани ин ваъда ӯ роҳи ғайриодие пайдо мекунад…

Ин асар мавзуъҳои меҳру муҳаббат, умед, садоқат ба ваъда ва орзуҳои кӯдаконаро инъикос мекунад. Дар раванди истеҳсоли филм технологияҳои зеҳни сунъӣ барои офаридани тасвирҳо ва саҳнаҳои ҳаракаткунанда истифода шудаанд. Идея, сенария, коргардонӣ ва коркарди ниҳоии филм аз ҷониби коргардони тоҷик Комилҷон Сафаров амалӣ гардидааст.

Ҷоизаи номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда»-ро соҳиб шудани филми «Дузди Офтоб» метавонад барои рушди филмсозии навоварона ва ҳавасмандгардонии эҷодкорони тоҷик ба истифодаи зеҳни сунъӣ заминаи нав фароҳам оварад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Источник: АМИТ "Ховар"