Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавозу фарҳангсолор, табиати нотакрор, имконоти васеи сайёҳӣ ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ маҳбубияти зиёд дорад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавозу фарҳангсолор, табиати нотакрор, имконоти васеи сайёҳӣ ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ маҳбубияти зиёд дорад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябр зимни суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Сарвари давлат баён намуданд, ки имрӯз унсурҳои фарҳангии мардуми вилоят, аз қабили суруду мусиқӣ, сару либос, ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин ва таомҳои миллӣ таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд, зеро онҳо инъикосгари беҳтарин анъанаҳои ниёгони некном мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки табиати нотакрору биҳиштосо, қуллаҳои сарбафалаккашида, Боғи миллии Тоҷикистон, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, водии Вахон, кӯлҳои Сарезу Қарақул, чашмаҳои шифобахш ва дигар мавзеъҳои сайёҳии вилоят беҳтарин ҷойи сайру саёҳат ва табобату истироҳат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

«Бо истифода аз ин имконият мо бояд Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстию меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоем»,-таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Ёдовар мешавем, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2026 ба вилоят 23 ҳазору 222 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳ ба имконияти сайёҳии минтақа шаҳодат медиҳад. Бо мақсади ташаккул додани сайёҳии табобатию солимгардонӣ, ки ин шакл дар байни гардишгарон аз ҳама паҳншудатарин буда, ҳадафи он истироҳат, солимгардонӣ ва барқароркунии ҷисмонӣ ба шумор меравад, дар ҳудуди вилоят  4 осоишгоҳ: Гарм-Чашма, Авҷ, Биби Фотимаи Зуҳро ва Ҷелондеҳ ҳамарӯза ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

97 фоизи ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро  кӯҳсор ташкил мекунад. Ин имконияти бузург барои тақвият бахшидани сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ (алпинистӣ) ва истироҳатӣ мебошад. Соли 2013 бахшида ба 22–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифт. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Ин баҳогузории созмони ҷаҳонии сайёҳӣ омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақа мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"