Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, форум аз ҷониби Феҳристи минтақавии

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, форум аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар кори форум намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хизматрасонии интернет, операторони шабака, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, инчунин коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо иштирок намуданд. Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ, рушди масирҳои мустақили интернетӣ, такмили пайвастагии шабакаҳо ва баррасии роҳҳои таъмини рушди устувори инфрасохтори рақамии кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.

Иштирокчиёни форум масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории рақамии минтақавӣ, рушди масирҳои мустақили интернетӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва амнияти шабакаҳо, инчунин дурнамои пайвастагии кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз намуд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир барои рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҳкими мавқеи худ дар фазои рақамии минтақа тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.

«Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар сатҳи Осиёи Марказӣ мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам намудааст. Мо хуб дарк мекунем, ки бе ҳамкории зич ва муносибатҳои судманди байни кишварҳои минтақа наметавонем ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Танҳо тавассути ҳамкории муштарак, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонем барои рушди устувори соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии минтақа заминаи мусоид фароҳам созем»,–афзуд Исфандиёри Саъдулло.

Муҳокимаҳои созанда, табодули таҷриба ва пешниҳодҳои судманд ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаи алоқа ва пайвастагии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ қадамҳои устувор гузорад. Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам меорад, то таҷрибаи кишварҳои минтақа омӯхта шуда, роҳҳои нави рушди соҳаи алоқа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва таҳкими инфрасохтори рақамӣ муайян карда шаванд.

Масъалаи баланд бардоштани сифат ва дастрасии интернет дар Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт зарурати густариши ҳамкорӣ байни операторон ва рушди механизмҳои муосири пиринг ва пайвастшавии шабакаҳо таъкид гардид.

Изҳор шуд, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул карда шудааст. Ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегия ҳамчун унсури асосии сиёсати давлатӣ дар самти табаддули рақамӣ ва рушди инноватсионӣ мебошанд. Чунин равиш ба таҳкими ҳамаҷонибаи соҳа, ҳамгироии муассири он ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии давлат равона шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар доираи форум мавриди баррасӣ қарор гирифт, истифодаи самараноки имконоти мавҷудаи пайвастшавии интернетӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои интернет дар Тоҷикистон мебошад.

«Бо назардошти хусусияти ҷуғрофии мамлакат, ки беш аз 90 фоизи қаламрави онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, таъмини дастрасии устувор ва босифат ба интернет аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори рақамӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, истифодаи роҳҳо ва манбаъҳои гуногуни пайвастшавӣ метавонад ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии шабакаҳо мусоидат намояд»,–иброз гардид дар форум.

Намояндаи Дафтари минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа Натали Мочу ба масъалаҳои рушди дастрасӣ ба интернет дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши инфрасохтори муосири рақамӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа таваҷҷуҳ намуд. Ӯ яке аз ҳадафҳои асосии рушди инфрасохтори рақамиро таъмини пайвастагии устувор, босифат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас барои аҳолӣ ва соҳибкорон номид.

«Мақсади асосии мо таъмини алоқаи пайваста, устувор ва дастрас мебошад, ки аз ҷиҳати арзиш барои ҳар истифодабаранда қобили дастрасӣ бошад. Ин раванд ҳамзамон метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва фароҳам овардани имконоти нави иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намояд. Дар ин раванд метавон гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи рушди босуръати рақамӣ қарор дошта, барои таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди иқтисоди рақамӣ имконоти назаррас доранд»,–афзуд Натали Мочу.

Дар ҷараёни форум инчунин масъалаҳои татбиқи RPKI ва IPv6 дар Осиёи Марказӣ, имконоти истифодаи модели IPv6-Mostly, самтҳои ҳаракати трафики интернетӣ дар минтақа ва роҳҳои ҳифзи шабакаҳо аз рабуда шудани масирҳои BGP баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ташкили масирҳои мустақими интернетӣ ва коҳиш додани вобастагии трафики минтақавӣ аз масирҳои беруна метавонад ба баланд бардоштани устуворӣ, суръат ва самаранокии мубодилаи маълумот дар минтақа мусоидат намояд.

Инчунин дар яке аз панелҳои форум масъалаи ташаккули долони рақамии фарогири минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, дурнамои рушди ҳамкории рақамӣ, пайвастагии минтақавӣ ва имконияти нави интиқоли маълумот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамзамон дурнамои ташаккули масири рақамии Осиё–Аврупо ва хати нахию оптикии транскаспӣ ҳамчун яке аз долонҳои нави рақамӣ баррасӣ шуд.

Дар идомаи кори форум масъалаҳои марбут ба инфрасохтори нави интернет низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бахш стандарти кушоди маълумоти нахӣ, таҷрибаи бунёди инфрасохтори шабакаҳои таҳвили муҳтаво дар сатҳи провайдерҳои интернетӣ, инчунин истифодаи ҳисоббарории канорӣ — Edge Computing  дар соҳаи телекоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ CAPIF-5 дар Душанбе барои табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои касбӣ ва техникии байни операторон, провайдерон ва дигар иштирокчиёни ҷомеаи интернетии минтақа заминаи мусоид фароҳам оварда, ба муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар рушди инфрасохтори рақамии Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки форум 25 сентябр низ идома меёбад. Дар рӯзи дуюми форум дар назар аст, ки масъалаҳои мубодилаи трафики интернет, рушди нуқтаҳои мубодилаи интернетӣ ва таҳкими ҷомеаи техникии минтақа баррасӣ гарданд.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"