Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 104 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 86 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 12 муассисаи госпиталӣ ва 6 муассисаи хусусӣ сохта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар айни замон дар 71 муассиса (46 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 17 муассисаи госпиталӣ ва 8 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин давра 145 муассиса (98 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 47 муассисаи госпиталӣ) таъмир гардида, дар 101 муассиса (57 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 34 муассисаи госпиталӣ ва 10 муассисаи хусусӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"