Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Норак дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» ки аз 13 то 18 октябр бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд баргузор мегардад, Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Фестивал-намоишгоҳ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва иқтидори иқтисодию истеҳсолии минтақа ташкил гардид.

Ҳадафи асосии фестивал муаррифии сарватҳои моддию маънавии вилояти Хатлон, ҳифзу тарғиби арзишҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандону истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва фароҳам овардани замина барои рушди сайёҳии устувор мебошад.

Зимни баргузории фестивал масъалаҳои рушди сайёҳии фарҳангӣ, экологӣ, деҳотӣ ва кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён ҳамчунин ба масъалаҳои ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ диққати махсус доданд.

Баргузории фестивал-намоишгоҳ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Норак ва вилояти Хатлон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сайёҳону сармоягузорон ба захираҳои минтақа мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки форум то 18 октябр идома ёфта, дар маҷмуъ, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Дар он 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аз 60 кишвари олам иштирок доранд.

Дар доираи Форуми байналмилалӣ инчунин баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия бо се забони корӣ — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад.

Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ қарор доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Источник: АМИТ "Ховар"