Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои…

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷаласа ба 35-солагии таъсиси ИДМ бахшида шуда, таҳти раёсати муовини роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Олег Губайдулин доир шуд. Дар он роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои иштирокдори ИДМ, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳайси нозир иштирок карданд.

Дар ифтитоҳи ҷаласа сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба иштирокдорон барои изҳори боварӣ ва фароҳам овардани имконияти баргузории вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи бисёрсолаи ҳамкории Хадамоти гумрук, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва дарки масъулияти муштарак асос ёфтааст, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳалли вазифаҳои дар назди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки давлатҳои Иттиҳод қарордошта мебошад.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар молҳои манъшуда, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодӣ ва гумрукӣ аҳамияти хосса доранд. Ҳалли ин масъалаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдор, мубодилаи фаврии иттилоот ва густариши ҳамкории амалиро тақозо менамояд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои ташкили ҳамкории муштарак дар самти муқовимат ба «воридоти хокистарӣ», ошкор намудани схемаи «транзити қалбакӣ» ва мубориза бо қочоқи маҳсулоти тамоку баррасӣ шуданд.Ба масъалаи пешгирии воридоти ғайриқонунии прекурсорҳое, ки барои истеҳсоли маводи мухаддири синтетикӣ истифода мешаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои иштирокдори ИДМ дар солҳои 2025–2026 аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан 73 тонна маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мусодира карда шудааст.

Дар самти ҳамкории иттилоотию таҳлилӣ иштирокдорон натиҷаҳои миёнамуҳлати татбиқи лоиҳаи «Матритса»-ро, ки ба ошкор намудани ашёи манъшудаи тавассути ирсолоти байналмилалии почта ва борҳои экспресс интиқолшаванда равона гардидааст, баррасӣ намуданд.

Дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи тафтишоти гумрукӣ ва таҳқиқ масъалаҳои таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ оид ба ба ҷавобгарӣ кашидани шахсон барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дорои хусусияти қочоқӣ дар давлатҳои иштирокдори ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар самти омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани тахассуси кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки давлатҳои Иттиҳод мувофиқа ҳосил гардид. Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкории воҳидҳои кинологӣ муайян карда шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштарак таъкид намуданд.

Баргузории ҷаласа дар Душанбе қадами навбатӣ дар роҳи рушди ҳамкории бисёрҷонибаи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ буда, ба таҳкими амният, таъмини волоияти қонун ва муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳои фаромарзӣ равона гардидааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"