Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор мегардад. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2026 ба тавсиб расид.

Тибқи ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории конфронси мазкур таъсис дода шуда, ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои он таҳия гардидааст.

Конфронс бо мақсади оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 15 октябри соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки «Таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад. Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд».

Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард. Ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе имконият фароҳам меорад, ки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд доир ба роҳҳои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола табодули назар намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти сулҳу амнияти ҷаҳонӣ тадбирҳои муштарак андешанд.

Ин ташаббус идомаи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории созанда байни давлатҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"