Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 октябри соли 2026 муқаррароти низоми бидуни раводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра ба татбиқ расид. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 октябри соли 2026 муқаррароти низоми бидуни раводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра ба татбиқ расид.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 5 октябри соли 2026 муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дар ҳаҷми пурра татбиқ гардид.
Мутобиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон — дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи умумишаҳрвандии хориҷӣ метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз, аз лаҳзаи воридшавии аввал ба ҳудуди давлати Тарафи дигар ворид шуда, аз он хориҷ шаванд, убур ё муваққатан иқомат намоянд.
Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии сарҳадӣ, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм бо риояи талаботи қонунгузории миллии ҳар ду давлат амалӣ карда мешавад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон