Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз ду бозии дӯстонаи нақшавӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Узбекистон якумашро баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозӣ 8 ноябр дар шаҳри Тошканд доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Узбекистон ба анҷом расид.

Бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон 10 ноябр дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"