ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои нодири табиӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгир мебошад. Ин
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои нодири табиӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгир мебошад. Ин водии зебоманзар тақрибан 105 километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ буда, дар масофаи 60 километр доман паҳн кардааст.
Дар маркази водӣ дарёи пуртуғёни Яғноб ҷорӣ мешавад, ки бо мавҷҳои хурӯшон ва обҳои мусаффояш ба манзараҳои нотакрори кӯҳистон ҳусни дигар мебахшад. Дарёи Яғноб аз омезиши дарёҳои Кумбил ва Барзенга сарчашма гирифта, аз пиряхҳои кӯҳҳои Такалӣ ғизо мегирад. Ин дарё дар баробари дарёи Зарафшон қаторкӯҳҳои Зарафшонро аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷудо менамояд.
Қисмати болоии водӣ бо марғзорҳои алпӣ ва манзараҳои зебои кӯҳистонӣ машҳур буда, табиати он аз гуногунии набототу ҳайвонот ва экосистемаҳои хоси баландкӯҳ бой мебошад.
Парки табиии миллии « Яғноб »-қадами муҳим дар ҳифзи табиат
Бо мақсади ҳифзу барқарорсозии маҷмуаҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ, рушди сайёҳии экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 Парки табиии миллии «Яғноб» таъсис дода шуд.
Ҳудуди парк 57 ҳазору 544 гектарро ташкил дода, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ баландкӯҳ мебошад. Дар ҳудуди он экосистемаҳои гуногуни табиӣ, манзараҳои нодири кӯҳистонӣ ва олами бойи набототу ҳайвонот ҳифз карда мешаванд.
Таъсиси парк дар баробари ҳифзи муҳити зист барои рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони водӣ низ замина фароҳам овардааст. Солҳои охир барои беҳтар намудани роҳҳои мошингард ва дастрасии сокинони деҳаҳои водӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, техникаи роҳсозӣ ҷалб гардидааст.
Яғноб — осорхонаи зиндаи этнографӣ
Яке аз вижагиҳои асосии водии Яғноб дар он ифода меёбад, ки сокинони он то имрӯз бисёре аз суннату анъанаҳои аҷдодии худро ҳифз намудаанд. Дар ин ҷо хусусияти хоси зиндагӣ, одоби муошират, либоси анъанавӣ, пухтупаз ва дигар унсурҳои фарҳанги мардумӣ то имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.
Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ ва баъзе шаклҳои кишоварзии суннатӣ низ дар водӣ идома доранд. Маҳз ҳамин вижагиҳо водии Яғнобро ба яке аз мавзеъҳои нодири этнографӣ табдил додаанд. Аз ин ҷиҳат, онро метавон як навъ «осорхонаи зиндаи этнографӣ» номид, ки дар он фарҳангу суннатҳои мардумӣ на танҳо дар осорхонаҳо, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум ҳифз шудаанд.
Мардуми Яғноб ҳамчун меросбарони фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ дар ободии зодгоҳи худ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳифзи забон, фарҳанг, расму ойин ва тарзи зиндагии суннатӣ дар ин минтақа аҳамияти на танҳо маҳаллӣ, балки миллӣ дорад.
Иқтидори сайёҳии водӣ
Табиати нотакрори Яғноб барои рушди сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Водӣ дорои кӯҳҳои баланд, дараҳои зебо, дарёи пуртуғён, марғзори алпӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ҳавои тозаи кӯҳӣ мебошад.
Яке аз хусусияти ҷолиби ин мавзеъ гуногунии манзараҳои табиии он мебошад. Ҳангоми ҳаракат аз қисматҳои поёнии водӣ ба минтақаҳои баландкӯҳ тағйирёбии иқлим ва табиатро метавон ба таври равшан эҳсос кард. Дар як минтақа тобистон ҳукмфармо бошад, дар қисмати баландтар нишонаҳои баҳори кӯҳистон — сабзиши дарахтон, шукуфтани гулҳои худрӯй ва бӯи гиёҳҳои шифобахш ба назар мерасад.
Имрӯз ба водии Яғноб сайёҳони хориҷӣ зиёд мераванд. Баъзе аз онҳо бо дучарха ба сайру тамошои кӯҳистон машғул шуда, бархеи дигар дар соҳили дарёи Яғноб хайма мезананд ва аз табиати зебои ин гӯшаи мамлакат баҳра мебаранд.
Сокинони ин минтақаи Тоҷикистон дар хонаҳои худ барои қабули сайёҳон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамзамон занони маҳаллӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, барои сайёҳон армуғонҳои гуногун омода мекунанд. Маҳсулоти дастии онҳо таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намуда, меҳмонон онҳоро ҳамчун туҳфа ва ёдгорӣ харида, мебаранд. Ин иқдом дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои занони маҳаллӣ манбаи иловагии даромад буда, ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо мусоидат мекунад.
Ба водӣ сайёҳон аз Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Австралия ва дигар кишварҳои Аврупо меоянд. Дар баъзе деҳаҳои водӣ барои қабули меҳмонон бошишгоҳҳо ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ин ба рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳгардӣ мусоидат менамояд.
Яғноб — мероси зиндаи ниёгон
Водии Яғноб бо таърихи куҳан ва фарҳанги хоси мардуми яғнобизабон ҳамчун яке аз гӯшаҳои нодири Тоҷикистон шинохта мешавад. Дар ин водӣ забон, расму ойин ва баъзе унсурҳои тарзи зиндагии ниёгон то имрӯз ҳифз шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 августи соли 2011 зимни суҳбат бо сокинони водии Яғноб таъкид намуда буданд, ки ҳифзи ин мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати тоҷик аҳамияти хос дорад. Сарвари давлат зимни суҳбат бо сокинони водӣ иброз доштанд, ки «боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мост, ки ҳоло дар Тоҷикистон як пораи таърихи зиндаи куҳанбунёди тоҷикон, яъне мардуми яғнобизабон зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷониби донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст».
Ин суханон аҳамияти ҳифзу нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва таърихии водии Яғнобро бозгӯйӣ менамоянд. Зеро Яғноб як гӯшаест, ки дар он табиат, таърих, фарҳанг ва зиндагии мардум ба таври хос бо ҳам пайвастанд.
Водии Яғноб бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёи пуртуғён, гиёҳҳои шифобахш, фарҳанги хоси мардум ва таърихи куҳан яке аз мавзеъҳои нодири Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи табиати он, арҷгузорӣ ба фарҳанги мардумӣ ва истифодаи оқилонаи имконияти сайёҳии водӣ метавонад Яғнобро ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии экологӣ ва фарҳангии мамлакат табдил диҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»