Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт Амсол Ҳодӣ Ал-Ҳувайла мулоқот намуд. Тавре
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт Амсол Ҳодӣ Ал-Ҳувайла мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот арзёбии сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, роҳҳои густариши ҳамкории ду мамлакат дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, ба хусус ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимоят аз хонаводаҳо ва кӯдакон, фарогирии иҷтимоии афроди маъюб ва тақвияти ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баррасӣ шуданд.
Дар ин замина оид ба фурсатҳои баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои муваффақи ҳамдигар, таҳкими робитаҳои мустақим байни мақомоти дахлдори ду мамлакат ва баргузории мулоқоту ройзаниҳои коршиносон бо назардошти авлавияти миллии тарафайн дар арсаҳои мазкур табодули афкор доир шуд.
Сафири Тоҷикистон аз саҳми арзишманди Кувайт дар амалисозии лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қадрдонӣ карда, ин амрро гувоҳи пойбандии Кувайт ба уҳдадорияш дар мавриди ҳамбастагӣ ва рушди пойдори байналмилалӣ номид.
Дар фарҷоми мулоқот Амсол Ал-Ҳувайла изҳор дошт, ки ҷониби кувайтӣ омода аст ба ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон дар амалисозии ибтикорҳои Тоҷикистон дар арсаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини рафоҳи хонавода ва кӯдакон идома диҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт