Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Карсон Релитс Рокер дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳияи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Дар бораи алоқаи ҳавоӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳоло Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Дар бораи алоқаи ҳавоӣ» таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳадафи Созишнома вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Баъди ба тасвиб расидани Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Амрико ширкати ҳавопаймоии «United Airlines» парвозҳоро ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли 2025 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини директори Идораи федералии авиатсияи граждании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристен Гатлин баргузор гардида буд. 12 июни соли 2025 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Он имкон медиҳад, ки соҳаи авиатсияи граждании кишварамон рушд намуда, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю нуфузи худро боз ҳам зиёд намояд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"