Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми ҷавонони ғаюру ватандӯсти шаҳри Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сад фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин амал гувоҳи садоқат, эҳтиром ба Конститутсия ва омодагии насли ҷавон барои ҳимояи марзу буми Ватан мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби ҷасорат, мардонагӣ, интизом ва садоқат ба давлату миллат маҳсуб мешавад. Ҳимояи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона гардида, чун анъана, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1 октябри соли 2026 оғоз гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Источник: АМИТ "Ховар"