Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти корҳои таъмирию барқарорсозии иншооти обёрӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод.

Сулаймон Зиёзода бо рафти ҳосилнокии боғи суперинтенсивии Кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш» ва корҳои таъмирию вазъи омодагии пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» шинос шуд. Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки истифодаи усулҳои муосири боғдорӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар парвариши дарахтони мевадиҳанда барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва афзоиши даромаднокии хоҷагиҳо аҳаммияти муҳим дорад.

Инчунин ба масъалаҳои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои таъмирӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ дар таъмини оби полезӣ барои заминҳои кишоварзӣ, пешгирии талафоти об ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад.

Ба масъулони соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва риояи талаботи техникӣ ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Дар идомаи боздид гурӯҳи корӣ дар хоҷагии шолипарварии «Ҳусенота» бо вазъи ҷамъоварӣ ва коркарди шолӣ ва рафти корҳои мавсимии хоҷагӣ шинос шуд.

Ҳамзамон ҳайати корӣ бо рафти чиниши мошинии пахта дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Ҳоҷираҳимбой» шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба раванди ҷамъоварии ҳосили пахта бо истифода аз техникаи кишоварзӣ, ташкили дурусти корҳои саҳроӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми боздид гурӯҳи корӣ аз корхонаи пахтатозакунии «Кони ганҷ» дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва раванди қабулу коркарди пахтаи ҷамъоваришуда шинос гардид. Зимни боздид масъалаҳои ташкили саривақтии қабули ашёи хом, риояи талаботи сифат ҳангоми коркарди пахта, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, пардохти саривақтии маблағи пахтаи қабулгардида ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхона бо хоҷагиҳои пахтакор мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, боздиди кории гурӯҳ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, пойгоҳи обкашӣ ва корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Зафаробод ба омӯзиши вазъи воқеии соҳа, муайян намудани масъалаҳои мавҷуда ва роҳнамоии масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ равона гардид.

Боздиди мазкур дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замину об баргузор гардида, барои баррасӣ масъалаҳои мубрами соҳа ва муайян намудани роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳо замина фароҳам овард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Источник: АМИТ "Ховар"