Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский ҳайати ниҳоии дастаро барои иштирок дар 52-юмин Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2026», ки аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати яккачини Тоҷикистон 24 футболбоз дохил шудаанд, ки онҳо 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар мебошанд.
Дар марҳилаи нимниҳоии Мусобиқаи «King’s Cup-2026» дастаи миллии Тоҷикистон бо тими Уммон, ки дар раддабандии кунунии ФИФА мақоми 81-умро ишғол мекунад, рақобат менамояд. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.
Ғолибони рақобатҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, мағлубшудагон барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup-2026» 17 ноябр доир мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон