Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад.
Бо мақсади ҳифзи маблағ ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки файлҳои формати «.apk»-ро, ки тавассути «Telegram», «WhatsApp» ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунед,
— ба пайвандҳои (ссылка) шубҳанок, ки тавассути паёмрасонҳо, SMS-паёмак ё почтаи электронӣ ирсол мешаванд, ворид нашавед,
— PIN-рамз, гузарвожа, рамзи якдафъаинаи SMS ва дигар маълумоти бонкии худро ба ҳеҷ кас надиҳед, манбае, ки аз он паём ё файли формати «.apk» омадааст, бодиққат санҷед, ҳатто агар он аз номи шахси шинос, бонк, мақоми давлатӣ ё ташкилоти дигар ирсол шуда бошад.
Дар хотир доред, ки кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ аз муштариён PIN-рамз, гузарвожа ва рамзҳои якдафъаинаи тасдиқкунанда талаб намекунанд ва насби барномаҳои бегона ё ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд. Агар файли шубҳанокро аллакай насб карда бошед ё гумон кунед, ки маълумоти бонкии шумо ба шахсони бегона дастрас шудааст, фавран ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат намоед.
Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои бонкии рақамӣ ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон