Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо раиси Шурои аминони Бунёди фарҳангии Абдулазиз Сауд Ал-Бобтайн Сауд Абдулазиз Ал-Бобтайн мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот оид ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн мубодилаи афкор доир шуд.

Дар ин замина мусоҳибон аҳаммияти муаррифии мероси ғании адабии ҳамдигар ва тарҷумаю чопи осори адибони ду мамлакатро барои таҳкими гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва пайвандҳои дӯстӣ таъкид карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"