Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ « Ховар » /. 22–23 октябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон -«Маҷмааи Хуталон» вохӯрии минтақавии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба рушди низомҳои пардохтӣ баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ роҳбарон ва мутахассисони соҳавии бонкҳои миллии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон иштирок намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтори пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии дастовардҳо ва муайян намудани роҳҳои муштараки такмили низомҳои пардохтӣ, инчунин таҳкими робитаҳои касбӣ байни бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иштирокдорон масъалаҳои рушди инфрасохтори миллии пардохтӣ, татбиқи технологияҳои рақамии молиявӣ, тамоюлҳои муосири соҳа, пешгирии қаллобӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои кибериро баррасӣ карда, таҷрибаи давлатҳояшонро дар ин самт муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба имконияти густариши ҳамкории минтақавӣ барои ташаккули инфрасохтори муосиру боэътимоди пардохтӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисон табодули афкор доир шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"