Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то августи соли равон дар мамлакат  1 миллиону 841 ҳазору 551 тонна ангишт истихроҷ гардидааст,

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то августи соли равон дар мамлакат  1 миллиону 841 ҳазору 551 тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    117 фоиз зиёд мебошад.

Соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар муддати кӯтоҳ дар пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад. Ангишт яке аз манбаъҳои алтернативии энергия буда, дар аксар мавридҳо корхонаҳои саноатӣ дар раванди истеҳсолӣ ангиштро истифода менамоянд. Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — ангишти коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллиеро амалӣ менамояд, ки яке аз онҳо ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Дар ин кор саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳим гузорад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.

Дар айни замон истеҳсоли зиёда аз 55 фоиз неруи ҷаҳонии барқ ба ангишт рост меояд. Ангишт дар низоми амнияти энергетикии мамлакатҳое, ки захираҳои назарраси карбогидридӣ надоранд, нақши асосиро иҷро менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"