Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ооз гардида, то  9 сентябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ооз гардида, то  9 сентябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи номинатсияи фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ва рақси халқӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳадафи баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешаванд. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд.

Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номинатсия 938 нафар иштирок карданд ва доварон намояндагони 13 мамлакат буданд. То имрӯз 19 бозии Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"