Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Мудири кулли шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Татяна Валовая мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"