Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.   27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.

Боғи навбунёду зебо дар мавзеи хушманзараи маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида, лоиҳакашии он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ноҳияи Шуғнон ва корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амирҳамза ба анҷом расонида шудааст.

Дар раванди бунёди боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шудааст, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад. Гулҳои рангоранги ороишӣ ба муҳити боғ таровати хос бахшида, сабзазор ва ороиши зебои мавзеъ симои онро боз ҳам дилрабо гардонидааст.

Ҳудуди боғи мазкур пурра чароғон гардида, шабонгоҳ ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбад. Равшании чароғҳо дар баробари зебогии муҳити атроф, ҳамзамон барои сайругашт ва фароғати сокинон фазои мусоид фароҳам меорад.

Бунёди чунин маконҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат менамояд.

Источник: АМИТ "Ховар"