Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки Бозиҳои Делфӣ доир мешаванд. Дар он истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз 9 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Имрӯз инчунин дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи 10 номинатсия ҳунарнамоӣ менамоянд.

Номинатсияи «Скрипка» байни гурӯҳҳои аз 14 то 17-сола ва аз 18 то 25- сола дар Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим, номинатсияи «Фортепиано» ва «Асбобҳои халқӣ» байни гурӯҳҳои аз  14 то 17 ва 18 то 25-сола дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов,  номитасияи «Созҳои нафасӣ» байни гурӯҳҳои аз 14 то 25-сола дар Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов,  номинатсияи  «Сарояндаи академӣ» байни гурӯҳҳои аз 17 то 21 ва аз 22 то 25-сола дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии махсуси мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ, номинатсияи  «Суруди халқии якка» ва «Сурудҳои эстрадӣ» байни гурӯҳҳои аз 14 то 17 ва аз 18 то 23-сола дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номинатсияи «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои халқии бадеӣ»  байни гурӯҳхои аз 14 то 21-сола  дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва номинатсияи «Рақси халқӣ» байни гурӯҳҳои аз 10 то 14 ва аз 14 то 22-сола дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегарданд.

Бозиҳои Делфии имсола аз рӯи 10 номинатсия дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии мамлакат доир мешаванд. Номинатсияи фортепиано ва сарояндаи академӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, номинатсияи скрипка дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ, номинатсияи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ дар Донишкади давлатии фарҳанг ва санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номинатсияи созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ дар Доникадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номинатсияи сарояндаи эстрадӣ дар толори фарҳангии меҳмонхонаи «Серена», рақси халқӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва созҳои халқӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки барои ҳама меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир шуда, иштирокчиён аз маконҳои фарҳангии пойтахт дидан менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҳар иштирокчӣ ҳамчун узви ҳайати расмӣ шарафи мамлакати худро ҳимоя намуда, иқтидори фарҳангии мамлакат ва сатҳи муосири рушди ҳунарашро нишон медиҳад.

Ғолибони Бозиҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, барои ҳунарнамоии арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Тибқи қарори Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, барои ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешаванд. Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.

Таърихи Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешавад. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории намоиши олии ҳунар қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номинатсия 938 нафар иштирок карда, доварон намояндагони 13 давлат буданд.

То имрӯз 19 бозии Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудааст. Танҳо дар даври хотимавии чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор ҷавонписарон ва духтарони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"