Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо корҳои кишоварзӣ дар якчанд хоҷагӣ шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо корҳои кишоварзӣ дар якчанд хоҷагӣ шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Муовини Сарвазири мамлакат дар хоҷагии кишоварзии «Ғозиён» бо вазъи токзор, раванди парвариши ангур ва ҳосили бадастомада, инчунин дар хоҷагии кишоварзии деҳаи Ҳаёти Нав бо ҷараёни кишти пиёзи барвақтӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт шинос шуд.
Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат аз заминҳои пахтаи хоҷагии кишоварзии ба номи Латиф Муродов боздид намуда, зимни шиносоӣ бо ҷараёни парвариши пахта масъалаҳои нигоҳубини зироат, истифодаи самараноки замин ва таъмини ҳосилнокии баланди онро баррасӣ намуд.
Ҳадафи боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ, натиҷаҳои истеҳсолӣ ва раванди истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ буда, масъулин ба кишоварзон оид ба рушди минбаъдаи соҳа ва иҷрои корҳои мавсимӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор