Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гард…

РАШТ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясмани ноҳияи Рашт ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода сокинонро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар заминаи устувори таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар чорабинӣ барои саҳми арзанда дар ободонию созандагӣ, фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии деҳот як зумра фаъолони Ҷамоати деҳоти Ҳоит бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин барои болидаруҳии сокинон аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Источник: АМИТ "Ховар"