«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафҳои форум аз фароҳам овардани платформаи муколамаи касбӣ байни намояндагони сохторҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои табодули таҷриба, баррасии роҳҳои ҳалли муосир ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ иборат мебошанд.

Форум ба баррасии дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва табдили рақамии соҳаҳои гуногун бахшида мешавад.

Дар доираи форум масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди зеҳни сунъӣ, бонкдории кушод (Open Banking), низомҳои пардохтии рақамӣ, тиҷорати электронӣ, амнияти киберӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"