САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сигорҳои электронӣ моеъро гарм намуда, аэрозол ҳосил мекунанд, ки истифодабаранда онро нафас мегирад. Ин аэрозол метавонад никотин, моддаҳои заҳрнок ва дигар пайвастагиҳои кимиёвии ба саломатӣ зарароварро дар бар гирад. Истифодаи никотин дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ метавонад ба рушди майна, қобилияти омӯзиш ва баъзе равандҳои марбут ба зеҳну рафтор таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, истифодаи сигорҳои электронӣ таъсири манфии худро ба саломатии роҳҳои нафас ва дилу рагҳо мерасонанд. Бо вуҷуди ин, паёмадҳои пурраи истифодаи дарозмуддати ин маҳсулот ҳанӯз мавриди омӯзиши илмӣ қарор доранд.

Саломатии инсон сарвати бебаҳо ва яке аз муҳимтарин омилҳои рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир сигорҳои электронӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон паҳн гардида, махсусан, байни ҷавонон таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кардаанд. Тарҳи замонавӣ, андозаи хурд, гуногунии маззаҳо, бӯйҳои мевагӣ ва ширин, инчунин таблиғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ боис шуд, ки ин маҳсулот барои қисми муайяни наврасону ҷавонон ҷолиб намояд.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба танзими сигорҳои электронӣ дар минтақаи Аврупо, то соли 2024 дар Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон фурӯши системаҳои электронии таҳвили никотин ва дар Қирғизистон фурӯши сигорҳои электронӣ манъ карда шуда буд. Норвегия низ фурӯши чунин маҳсулотро маҳдуд карда, иҷозаи фурӯшро ба талаботи махсус вобаста намудааст. Дар соли 2025 Узбекистон низ қонунгузории манъи фурӯши системаҳои электронии таҳвили никотинро қабул кард.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар гузориши соли 2025 оид ба пешрафти мубориза бо тамоку иттилоъ додааст, ки шумораи давлатҳое, ки системаҳои электронии таҳвили никотинро танзим ё манъ мекунанд, аз 122 мамлакат дар соли 2022 ба 133 давлат дар соли 2024 расидааст. Ин рақам нишон медиҳад, ки масъалаи сигорҳои электронӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати тандурустии ҷамъиятӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст.

19 октябри соли 2026 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ҳафтуми худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Ин иқдом масъалаи мазкурро аз доираи интихоби шахсӣ берун оварда, ба сатҳи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа ва пешгирии паёмадҳои манфии истеъмоли маҳсулоти дорои никотин мегузаронад.

Масъалаи танзими сигорҳои электронӣ танҳо хос Тоҷикистон нест. Дар солҳои охир давлатҳои зиёде ба зарурати назорати қатъии маҳсулоти дорои никотин рӯ ба рӯ гардида, вобаста ба вазъи дохилӣ ва сиёсати тандурустии худ чораҳои гуногуни ҳуқуқиро амалӣ мекунанд.

Ҷонибдорӣ гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба манъи истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши сигорҳои электронӣ нишон медиҳад, ки давлат масъалаи мазкурро дар доираи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии маҳсулоти дорои никотин баррасӣ менамояд.

Манъи истеҳсол, воридот ва фурӯш метавонад дастрасии қонунии чунин маҳсулотро маҳдуд намояд. Дар сурати татбиқи самараноки қонун, ин тадбир барои коҳиш додани имконияти харидории сигорҳои электронӣ, аз ҷумла, аз ҷониби ноболиғон, замина фароҳам меорад. Пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба истеъмоли никотин яке аз самтҳои муҳимми сиёсати солимгардонии ҷомеа мебошад. Маҳдуд намудани дастрасии маҳсулоти таблиғшаванда метавонад дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ин ҳадаф мусоидат кунад.

Қонунгузорӣ ба истеҳсолкунандагон, воридкунандагон ва фурӯшандагон меъёрҳои муайяни рафторро муқаррар мекунад. Ин раванд аҳаммияти риояи талаботи ҳуқуқӣ ва масъулияти соҳибкоронро дар масъалаҳои ба саломатии ҷомеа алоқаманд таъкид менамояд. Қабули чунин қарор таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаи вобастагӣ аз никотин бештар мекунад.

Таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки мубориза бо маҳсулоти дорои никотин ҳамкории ниҳодҳои тандурустӣ, гумрук, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назорати бозорро талаб мекунад. Мубодилаи таҷриба ва истифодаи тавсияҳои илмии созмонҳои байналмилалӣ метавонад ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ мусоидат намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳимми татбиқи манъи сигорҳои электронӣ пешгирии гардиши ғайриқонунии онҳо мебошад. Таҷрибаи танзими маҳсулоти гуногун нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ бояд бо назорати муназзам ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ҳамроҳ бошанд.

Ҳифзи саломатии ҷомеа танҳо бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамкории давлат, оила, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма зарур аст.

Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа, омили муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва кафили идомаи дастовардҳои давлат ба шумор мераванд. Саломатӣ, дониш, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти эҷодии онҳо ба ояндаи мамлакат таъсири бевосита мерасонад. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон ба интихоби тарзи ҳаёти солим, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва истифодаи самараноки вақти холӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Зеро пешгирии рафторҳои хатарнок дар баробари маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ба фароҳам овардани муҳити солим ва имкониятҳои мусбат низ вобаста мебошад.

Саломатии аҳолӣ сармояи стратегии давлат ва заминаи рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳифзи он андешидани тадбирҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати тандурустӣ ва ташаккули фарҳанги масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Зеро ҷомеаи солим аз шаҳрвандони огоҳ, насли ҷавони солим оғоз мегардад.

Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ, докторанти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"