Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон се маҷмуи таҷҳизоти муосири астрономӣ дастрас карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизика Анвар Бӯризода хабар дод,
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон се маҷмуи таҷҳизоти муосири астрономӣ дастрас карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизика Анвар Бӯризода хабар дод, таҷҳизот се камераи илмии рақамии тамғаи FLI (Finger Lakes Instrumentation), механизмҳои ивазкунандаи филтрҳо ва маҷмуаи филтрҳои оптикии фарохмаҷро ва тангмаҷроро дар бар мегирад. Истифодаи ин таҷҳизот имконияти мушоҳидавии расадхонаҳои институтро васеъ намуда, барои анҷом додани таҳқиқоти дақиқи фотометрӣ ва астрометрӣ, омӯзиши хусусияти физикӣ, тағйироти дурахшонӣ ва сохтори ҷирмҳои осмонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таҷҳизот барои ташкили мушоҳидаҳои мунтазами астрономӣ, ташаккули бойгонии рақамии маълумоти илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон ба кор андохтани онҳо барои ҷалби донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ, азхуд намудани усулҳои муосири мушоҳида ва коркарду таҳлили маълумоти астрономӣ имконияти нав фароҳам меорад.
«Истифодаи самараноки таҷҳизоти нав ба рушди минбаъдаи таҳқиқоти астрофизикӣ, баланд бардоштани иқтидори илмии расадхонаҳои ҷумҳурӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон ва густариши иштироки олимони Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии омӯзиши кайҳон мусоидат мекунад»,-гуфт директори институт.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон