Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
АМИТ "Ховар" · · g292223
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Дубай нахустин бозии дӯстонаашро анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи дастаи мунтахаби мо тими наврасони Кот-д’Ивуар буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.
Дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Дубай дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. 11 ноябр дастаи мо бо дастаи мунтахаби Фиҷи ва 15 ноябр бо тими наврасони Танзания рақобат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон