Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
АМИТ "Ховар" · · g524901
ДУШАНБЕ, 22.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати театрии Россия (ГИТИС) дар доираи Фестивали IX байналмилалии театрии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти унвони «ГИТИС — мастер-класс» намоишномаи театрии «Робиаи Балхӣ» ба саҳна гузошта шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ “Ховар” дар Федератсияи Русия хабар дод.
Дар чорабинӣ кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, намояндагони Вазорати фарҳанги кишвари иқомат, роҳбарияти ГИТИС, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Россия, аҳли илму эҷод ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ»-ро донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ва ҳунарпешаи театру кино, роҳбари гурӯҳи эҷодии донишҷӯён Шуҷоат Асадуллозода таҳия ва ба саҳна гузоштанд.
Намоишнома ба ҳаёт ва рӯзгори яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷик — Робияи Балхӣ бахшида шуда, тавассути саҳнаҳои театрӣ арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла муҳаббат, покӣ, садоқат, озодандешӣ ва мақоми занро дар ҷомеа бозтоб менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ олимону муҳаққиқони кишвари иқомат доир ба ҷойгоҳ ва аҳаммияти таърихию адабии Робияи Балхӣ маъруза намуданд.
Таъкид гардид, ки Робияи Балхӣ аз нахустин ситораҳои тобноки осмони адабиёти тоҷик ба шумор рафта, эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти классикӣ ва рушди анъанаҳои суханварӣ нақши муҳим гузоштааст. Осори ин шоири соҳибзавқ саршор аз эҳсоси муҳаббат, покӣ, садоқат, озодандешӣ ва арзишҳои олии инсонӣ буда, то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва адабии худро нигоҳ доштааст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки муаррифии ҳаёт ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, барои ҳифзи мероси адабӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.