Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, санад аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ Дархан Жазикбай ба имзо расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани ин санад ба омӯзиш ва табодули таҷрибаҳои муштарак, таҳия ва татбиқи чораҳои муосири зиддикоррупсионӣ ва густариши ҳамкории байналмилалии ҳар ду ҷониб дар самти муқовимат ба коррупсия таъсири мусбат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон байни доираҳои соҳибкории давлатҳо 25 санад ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»