Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Улан-Батор вохӯрии роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон Барно Саидвализода бо намояндаи парлумони Муғулистон Оюунсайхани Алтангерел баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Дар шаҳри Улан-Батор вохӯрии роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон Барно Саидвализода бо намояндаи парлумони Муғулистон Оюунсайхани Алтангерел баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистонро баррасӣ намуда, доир ба имконияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Муғулистон бар пояи эҳтироми ҳамдигар, эътимоди мутақобил ва ҳавасмандии муштарак ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ рушд ёфта, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими ин раванд нақши муҳим дорад.
Барно Саидвализода зарурати тақвияти муколамаи байнипарлумонӣ, тавсеаи табодули ҳайатҳои парлумонӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории кумитаҳои доимӣ ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин замина нақши сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда таъкид гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавононро баррасӣ намуданд. Изҳор шуд, ки рушди робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони ду кишвар мебошад.
Инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории занони парлумон ва ҷавонон, густариши ҳамоҳангӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон