Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Лоиҳаи мазкур дар 748 гектар амалӣ гардида, аз ду марҳила иборат мебошад.

Тибқи нақша, дар марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони зеристгоҳи барқии 220 кВ ва ҳашт қитъаи фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 50 мегаватт пешбинӣ шудааст. Марҳилаи дуюм бунёди иқтидори иловагии тавлиди неруи барқ дар ҳаҷми 200 мегаваттро дар бар мегирад.

Дар айни замон дар доираи марҳилаи аввал беш аз 95 фоизи корҳои бетонӣ дар ҳудуди зеристгоҳ ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон сохтмони биноҳои асосӣ, васлкунии таҷҳизоти дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва насби аввалин трансформатори қуввагӣ идома дорад.

Дар қитъаҳои фотоэлектрикӣ низ корҳои сохтмонӣ вусъат гирифта, насби пояҳои винтӣ дар панҷ қитъа пурра анҷом ёфтааст. Дар се қитъаи дигар ин корҳо идома дошта, ҳамзамон дар ду қитъа васлкунии конструксияҳои металлӣ ва панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шудааст.

Амалӣ гардидани ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ ба афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ, истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Источник: АМИТ "Ховар"