Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд

АМИТ "Ховар" · · g625144

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Минск муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҷаласаи пленарии Конференсияи IV байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Фаррух Ҳамрализода ба зарурати таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба таъкид намуда, онро омили муҳим дар таъмини сулҳи устувор дар фазои Авруосиё ва миқёси ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.

Муовини якуми вазир ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» ёдовар гардида, дар бораи иқдомҳои андешидаи давлат дар таъмини сулҳу суботи минтақавӣ иттилоъ дод.

Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобили судманд бо ҳама шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"