Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои иштирок дар Форум роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон