Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарияти Вазорати адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарон ва кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар форум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Анвар Сафарзода иброз намуд, ки «дар бинои нави Вазорати адлия нахуст маротиба баргузор гардидани форуми мазкур барои ҳамаи мо боиси ифтихору сарфарозист. Ин руйдоди муҳим дар заминаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳммияти хоса дошта, далели тавваҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад».
«Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ — ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад»,-афзуд Анвар Сафарзода.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён изҳор дошт, ки Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳимми давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва пешрафти низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо назардошти пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун шуруъ аз соли 2015 ҳамасола баргузор мегардад. Ин форуми миллӣ дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.
Дар Форум дар мавзӯъҳои «Дастрасӣ ба адолати судӣ ва ҳимояи самараноки ҳуқуқи инсон», «Такмили низоми ёрии ҳуқуқии давлатӣ» ва «Танзими ҳуқуқии рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Ташаббускорони форум мақсади баргузории онро муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун унвон намуданд.
Дар натиҷаи мубоҳиса ва муҳокимарониҳо дар фарҷоми форум тавсияҳо қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол мешаванд.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»