Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия  Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ — 2026 оғоз гардид, ки то 16 октябр идома меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия  Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ — 2026 оғоз гардид, ки то 16 октябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи форум ҳамоиш баргузор шуд. Дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оид ба имконот ва иқтидори сармоягузории соҳаи кишоварзии мамлакат сухан гуфт.

Дар ҳамоиш масъалаҳои захираҳои истеҳсолӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, инчунин шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ муаррифӣ гардиданд.

Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ соли шашум аст, ки баргузор шуда, яке аз калонтарин платформаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Дар он масъалаҳои низоми агроозуқаворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ,  ғизои солим, рақамигардонӣ ва навоварӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва кашфиёти илмӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, мубориза бо хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ва камшавии ҳосилнокӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"