Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) ва «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» (соли 2026) дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия иштирокчиён оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иброз дошт, ки дар доираи низоми конститутсионӣ эҳтиром ба озодии виҷдон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттиҳод ва риояи талаботи қонун барои таъмини ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта ва суботи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
«Тибқи моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон пайрави дин бошад ё набошад, инчунин дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок кунад. Мазмуну моҳияти ин меъёри конститутсионӣ дар он ифода меёбад, ки эътиқод ва муносибат ба дин интихоби мустақилонаи ҳар шахс буда, он бояд дар асоси эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи талаботи қонун амалӣ карда шавад»,–афзуд Шуҳрат Азиззода.
Иброз гардид, ки баргузории чунин конференсияҳо аҳамияти хосса дошта, муассисаҳои таълимии динӣ метавонанд дар баробари иҷрои вазифаҳои таълимию тарбиявӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҷаҳонбинии солим, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун саҳми назаррас гузоранд.
Таъкид шуд, ки густариши технологияҳои рақамӣ, афзоиши ҳаҷми иттилоот ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав мушкилоти муайянро низ ба миён меоранд. Аз ҷумла, паҳншавии маълумоти бардурӯғ, истифодаи маводҳои динӣ бо мақсадҳои нодуруст ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки муносибати масъулиятнок ва андешидани тадбирҳои саривақтиро талаб мекунанд.
Дар ин замина зарурати фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷавонон, тарғиби донишомӯзӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва густариши муколамаи созанда муҳим арзёбӣ гардид. Зеро ҷомеае, ки ба дониш ва маърифат такя мекунад, метавонад дар муқобили хурофот, ифротгароӣ ва таъсири манфии иттилоотӣ устувор бошад.
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода баён намуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонмеҳвар будани он мебошад. Ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, барои ҳифзи онҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, сарфи назар аз муносибати шаҳрвандон ба дин, баробарии онҳоро дар назди қонун эътироф менамояд. Конститутсия дар баробари муайян намудани асосҳои давлатдорӣ ва кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди худшиносии миллӣ низ нақши муҳим дорад.
Дар идома Сулаймон Давлатзода гуфт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хосса дошта, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, равона шудааст.
Зеро худшиносии миллӣ на танҳо донистани таърих ва фарҳанги миллӣ, балки дарки арзиши истиқлолу озодӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ дар назди давлату ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин рӯ омӯзиш ва тарғиби арзишҳои конститутсионӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Балаҷон Идрисзода дар мавзуи «Конститутсия ва озодии виҷдон» маъруза намуда, иброз дошт, ки масъалаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша аҳамияти махсус дорад. Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва ҷудонопазири инсон буда, ифодагари эҳтироми давлат ба шаъну шараф, озодии ботинӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс ба интихоби мустақилона мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, инчунин низоми муносибатҳои ҷамъиятиро муайян менамояд. Дар ин замина озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳими конститутсионӣ буда, таъмини онҳо барои таҳкими адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи демократӣ аҳамияти калон дорад.
Таъкид гардид, ки омӯзиш ва тарғиби меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, яке аз омилҳои муҳими тарбияи шаҳрвандии масъулиятшинос, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу амнияти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»