БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KUKJE ST Co.,LTD»-и Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Тибқи он лоиҳаи «Навсозии иншооти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои асосии шаҳри Душанбе таҳия гардида, низоми зеҳнии «Минтақаи мактабӣ» дар асоси технологияи зеҳни сунъӣ (AI) барои таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳҳои Тоҷикистон» ҷорӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, татбиқи лоиҳа бо истифода аз технологияҳои ҷадид (таҳлили вазъи ҳаракати нақлиёт дар роҳ дар ҳамгироӣ бо чароғакҳои раҳнамои «ҳушманд» ва аз рӯи сабти камераҳо, огоҳсозии фаврии кӯдакон ва масъулини мактабҳо аз ҳолатҳои хатарнок) бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҳамшафати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери ҳадафи лоиҳаро таъмин менамояд.
Дар ҷараёни имзои ин санад Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии ноиби Президенти ширкати «KUKJE ST Co., LTD» Ҷи Ҳо Ҳан мулоқот намуда, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои 2025-2026 бо дастгирии Ҷумҳурии Корея дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 5 лоиҳа бо маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз 5 лоиҳа 3 лоиҳа – лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе аз бинои Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии пойтахт ва лоиҳаи дастгирии Гурӯҳи машваратӣ оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» ва лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор доранд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон