Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Путраҷаяи Малайзия мулоқоти Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (сатҳи муовини вазир) Тан Сри Амран Муҳаммад Зин баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории созанда ва истифодаи имконияти мавҷуда барои рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"