Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ д…

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни боздид муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо тарҳи меъморӣ ва консепсияи Марказ, толорҳои намоишии осорхона ва маводи илмие, ки мероси ғании таърихӣ, маънавӣ ва зеҳнии тамаддуни исломиро инъикос менамоянд, шинос гардиданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"